ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. 4 километр роҳи деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ мумфарш карда мешавад

Июль 27, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шоҳбикаи Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ  мумфаршкунии роҳи дохили деҳа оғоз ёфт, ки 4 километрро дар бар мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи ободонию созандагӣ амалӣ гардида, ифодаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа дар ободии диёр мебошад.

Ба иттилои масъулин, мумфаршкунии роҳ бо пешниҳоди ҷамоати деҳот ва маблағгузории сокинони деҳа ва шахсони хайрхоҳи деҳаи Шоҳбика амалӣ гардид. Тибқи нақша 4 километр роҳи дохилии деҳа бо сифати баланд мумфарш хоҳад шуд.

Иқдоми мазкур на танҳо мушкилоти нақлиётии сокинонро бартараф хоҳад кард, балки симои деҳаро боз ҳам зеботар намуда, барои зиндагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ муҳити муносиб фароҳам меорад.

Сокинони деҳа аз ин иқдоми ободкорона истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин корҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, деҳаи Шоҳбика ба мавзеи намунавии деҳот табдил меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 27, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад