Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Июль 23, 2025 21:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 23 июли соли 2025 Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Барои пазироии меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Муғулистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстӣ оро ёфта буд.

Бояд таъкид намуд, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Тоҷикистон аз 23 то 26 июл идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон дар назар аст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд