Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.

Июль 20, 2025 07:55

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳ дар ин масир 12,75 километрро дар бар гирифта, шаҳраки Москва, деҳаҳои Сайроби деҳоти Панҷоб ва Сомониёни деҳоти ба номи Саидқул Турдиевро бо ҳам мепайвандад.

Роҳи мошингард асосан солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон масофаи зикргардида таъмирталаб ва ҳаракати нақлиёти боркашу мусофиркаш мушкил гардида буд.

Корҳои сохтмонӣ дар роҳ аз аввалҳои моҳи апрели соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, сокинони маҳал ва бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, ба маблағи умумии 21 миллиону 675 ҳазор сомонӣ корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шуд.

Паҳноии роҳ 6 метр ва ғафсии он ба андозаи 10 см мумфарш гардидааст.

Ин иқдоми ибратомӯзи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мусоидати амиқ карда, боиси рафтуомади бемонеаи нақлиёти мусофиркашу борбар гардид.

Сокинону соҳибкорони боҳиммати ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониро вусъат медиҳанд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати сокинон барои ободонии як гӯшаи сарзамин баҳои баланд доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд.

Ифтитоҳи даромадгоҳи деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 12,75 км роҳи мошингард 20.07.2025

Июль 20, 2025 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд