Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июль 13, 2025 09:15

ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар кӯчаи Куруши Кабири шаҳри Бӯстон бинои зебою замонавии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов”-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаби санъат, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ гардид.

Бинои муассиса дорои 47 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, толори консертӣ бо фарогирии 100 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Тадбирҳои марбут ба таъмиру навсозии мактаби санъатро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳуни Хуҷанд” амалӣ намудаанд.

Дар мактаб бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамгардида ба наврасони аз 7 то 10 сола дар 5 шуъбаи фаъолияткунанда омӯзиши сози қонун, рубобҳои гуногун, доира, най, карнай, фортепиано, санъати овозхонӣ, рассомӣ, ҳунари кешбофӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ ва кандакорӣ ба роҳ монда шуда, масъулияти таълим, хоса такмили истеъдоду маҳорати тарбиятгирандагон ба уҳдаи 38 устоди соҳибмаълумот ва ҳунарманди касбӣ вогузор мебошад.

Дар ин муассисаи фарҳангӣ дар ду баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифтани то 800 наврас имкон дорад. Раванди таълим асосан бо усули инфиродӣ сурат мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди тарбиятгирандагони мактаби санъати шаҳри Бӯстон дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо муаррифии ҳунару истеъдоди худ соҳиби диплому ҷоизаҳо мегарданд. Хусусан, дар давоми 4 соли охир 5 каси онҳо дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони мактаби санъатро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Дастур дода шуд, ки аз шаҳру ноҳияҳои атроф низ наврасони дорои ҳунару истеъдод дар муассиса ба омӯзишу азхудкунии ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шаванд, то аз беҳтарин шароиту имконияти дар ин ҷо фароҳамшуда ба таври зарурӣ истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар барномаи консертии тарбиятгирандагони мактаби санъати ба номи Шодмон Алифови шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз оҳангу сурудҳои ватандӯстона иборат буд, писанди ҳамагон гардид.

Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии мактаби санъати шаҳри Бӯстон соли 1958 таъсис ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мутобиқ карда шуд.

Ифтитоҳи Мактаби санъати шаҳри Бӯстон баъди навсозӣ 13.07.2025

Июль 13, 2025 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Сабзазор»-и пойтахт беш аз 1 км роҳи дохили маҳалла мумфарш карда шуд
Дар Хуҷанд Маҷмааи бисёрошёнаи «Темурмалик» бунёд карда мешавад
78 хоҷагии минтақаи манзилии №4-и шаҳри Норак бо оби нӯшокӣ таъмин гардид
Дар Муъминобод бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
Дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бинои нави клиника ва дармонгоҳ бунёд мегардад
Беш аз 5 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи «40-солагии Дилварзин» мумфарш карда мешаванд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА НУРУ ЗИЁ БА ХОНАДОНИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба истиқлоли тоҷикон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад, — бардошт аз ҳамоиш дар вилояти Хатлон