РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд

Июль 1, 2025 10:04

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли 2025 ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, воқеъ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо мақсади зиёрат, сайёҳат ва истироҳат ташриф овардаанд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ Муродалӣ Раҳмонов иттилоъ дод.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, мақбараи Султон Увайси Қаранӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 бунёд карда шудааст.

Тавре директори мамнуъгоҳ иттилоъ дод, ин мавзеи таърихию фарҳангиро аз рӯзи душанбе то ҷумъа, ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ, яъне шанбе ва якшанбе беш аз 800 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат намуда, дар ин макони хушбоду ҳаво истироҳат мекунанд.

«То соли 2016 ҳамарӯза ба ин мавзеи таърихӣ 200 — 300 нафар сайёҳ ворид мегашт, ки аксари онҳо сайёҳони дохилӣ буданд. Пас аз пурра таҷдид гардидани роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг, ки дар он 12 пулҳои хурду бузург ва тақрибан 30 км роҳҳои маҳаллӣ ва қитъаҳои ёрирасон барқарор шудааст, ташрифи меҳмонону сайёҳон ба ноҳияи Ховалинг ду баробар зиёд гардид»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру супоришҳо дода буданд.

Директори мамнуъгоҳ гуфт, ки бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамнуъгоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ навсозӣ шуда, шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ зиёд гардид.

Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, ки мо худ шоҳид будем, ба истироҳаткунандагон ройгон хизмат расонида мешавад, ки бевосита дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, табиати зебо, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва паррандагони нодир ин макон касро водор месозад, ки боз ба тамошои ин макон биёяд.

Инчунин дар он ҷо занони ҳунарманди ноҳия нони гандумӣ, хӯрокҳои миллӣ мепазанд, ки меҳмонон метавонанд бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд. Шир, чакка, қаймоқ равғани маскаи тару тозаро низ меҳмонон метавонанд ҳамарӯза дастрас намоянд.

Вуруди меҳмонон ба ин макон, аслан ҳамасола аз моҳи май оғоз мешавад.

«Шумораи зиёди сайёҳонро ба инобат гирифта, дар назди мамнуъгоҳ бозори хурди ҳунармандӣ ва гиёҳдармонӣ ташкил намудем. Дар ин ҷо сокинони ноҳияи Ховалинг маҳсули ҳунармандии худро, аз ҷумла армуғонҳоро бо нақшу нигори миллӣ аз чӯб, гил, ришта, матоъ ва муҳра омода кардашударо, ба фурӯш мегузоранд. Инчунин беш аз 50 намуди гиёҳҳои шифобахш, ки дар талу теппа ва кӯҳҳои ноҳия мерӯянд, пешниҳоди сайёҳон гардонида мешавад»,-мегӯяд Муродалӣ Раҳмонов.

Бино ба маълумоти масъулини мамнуъгоҳ, сокинони деҳаи Ҳазрати Султон 5 хонаи истиқоматии худро ҳамчун меҳмонхона омода намудаанд. Нафароне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба он ҷо мераванд, метавонанд як меҳмонхонаро барои як шабонарӯз ба маблағи 100 сомонӣ иҷора гиранд.

Ҳамчунин чашмаҳои Занбӯрак, Сурсақова, Қазған, Курушак ва Чилчанор, ки дар ин мамнуъгоҳ ҷорӣ мешавад, аз ҳисоби санитарӣ санҷида шуда, аз ҷиҳати ҳазмнокӣ шифобахш аст. Бояд гуфт, ки аксари одамон бо мақсад ва умеди шифобахшии обҳои чашмаҳои шифобахши мамнуъгоҳ ба он ҷо мераванд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 60 ёдгории таърихӣ, 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 4 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд мебошанд.

Тибқи иттилои масълини шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб, дар чор моҳи соли 2025 маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияи Ховалингро беш аз 8 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо кардаанд.

Баррасии зиёрати ҷойҳои муқаддас ҳамчун бахше аз саёҳати дохилӣ нишон медиҳад, ки ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи махсус ниёз дошта, рушду пешрафти он барои сайёҳии хориҷӣ замина фароҳам меорад.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

Душанбе — Ховалинг — Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол 1612 нафар сайёҳон табиати нотакрори Бадахшонро тамошо карданд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мешавад
Дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва сайёҳию соҳибкорӣ» ҳамоиш баргузор шуд