РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол 1612 нафар сайёҳон табиати нотакрори Бадахшонро тамошо карданд

Июнь 23, 2025 10:58

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли 2025 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1612 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 816 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ, 10 осорхона, 3 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, 50 меҳмонхона, 31 ҳостел, мотел ва мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо, меъмории ғайримуқаррарӣ дили садҳо сайёҳонро тасхир намудааст. Табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб намудааст.

Бадахшонро бо кӯҳҳои сарбафалакаш Боми ҷаҳон меноманд, ки дар дунё яке аз машҳуртарин қитъаҳои кӯҳнавардӣ ва алпинизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, анъанаю суннатҳои халқӣ, ҳунарҳои мухталиф ва маҳсули рангоранги дастии занон, либос, анвои таомҳои миллӣ ва ойинҳои зеботарину ҷолибтарин маҳфуз мондаанд, ки барои ҳар меҳмони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Дар вилоят 556 нафар ҳунарманд ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳунарҳои дастии занону духтарони Бадахшон, ки бештар ба тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, мӯҳрабофӣ, рӯймолчабофӣ, намадсозӣ, сабадбофӣ машғул мебошанд, ҷаҳонгардонро ба ҳайрат овардааст.

Сайёҳоне, ки ба минтақаҳои Бадахшон сафар мекунанд, ҳатман маҳсули дасти ҳунармандонро харидорӣ намуда, ҳамчун туҳфа ба аҳли хонавода дӯстон ва наздиконашон мебаранд. Метавон гуфт, ки занону духтарон дар таблиғ ва рушди ҳунарҳоии мардумӣ нақши фаъол доранд.

Инчунин дар баъзе мавзеъҳои вилоят марказҳои ҳунармандӣ ташкил гардидааст, ки сайёҳон на танҳо маҳсулот мехаранд, балки бо раванди истеҳсоли ин марказҳо шинос мегарданд.

Ҳамчунин ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.

Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2013 ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифи Тоҷикистон ба ҷаҳониён дар рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои тамошои мавзеъҳои сайёҳии ин вилоят ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Яке аз мавзеъҳои аҷибу ҳайратангези минтақа, ки ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёд аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо меоянд, Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Боғи миллӣ яке аз минтақаҳои калонтарини ҳифзшавандаи табиӣ дар мамлакат ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон ва 60 дарсади ҳудуди вилоятро фаро мегирад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ин вилоят барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ва инкишофёбанда муаррифӣ шудааст.

Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифта буд. Ин баҳогузории ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ на танҳо мояи ифтихори мо аст, балки омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Бадахшон низ мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2025 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ