Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои дуошёнаи муассиса дар майдони 0,56 гектар сохта шуда, аз 2 ҳуҷраи корӣ, 6 хонаи хоби кӯдакон, 8 айвонча, майдони бозӣ барои кӯдакон, толорҳо барои гузаронидани машғулияту чорабиниҳо, ошхона, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории сузишворӣ иборат мебошад.
Сохтмони бино аз моҳи сентябри соли 2023 оғоз ёфта, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он имкон пайдо шуд, ки дар як вақт 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Ба тарбияи кӯдакон 30 мураббӣ машғул мешаванд.
Иншоот илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз тарафи ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй Сентр” сохта шудааст.
Баъди шиносоӣ бо муассисаи тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.









СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






