Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд

Июль 15, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо вазъи таълим ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳрҳои Ротенбург ва Хамски музофоти федеролии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон шинос шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, зимни вохӯрии раиси кумита бо роҳбарияти ин муассисаҳо масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, табодули хонандагону донишҷӯёни тоҷик бо ин муассисаҳо ва низоми таълими дуалӣ баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ таҳсил 3 сол буда, донишҷӯён соҳиби дипломи касбӣ мегарданд. Дар доираи низоми таълими дуалӣ хонандагон дар қисмати аввал дар муассисаи таълимӣ таҳсил намуда, дар қисмати дуюми рӯз дар коргоҳҳои мувофиқ ба касбашон аз рӯи ихтисос фаъолият мекунанд. Онҳо ҳам аз муассисаи таълимӣ идрорпулӣ ва ҳам аз коргоҳе, ки дар он ҷо ба кор фиристода мешаванд, маош мегиранд. Баъди хатми муассиса хонандагони тоҷик, ки соҳиби диплом мегарданд, метавонанд бо ин  ҳуҷҷат дар ин мамлакат аз рӯи ихтисоси омӯхтаашон фаъолият намоянд.

Шиносоии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон то 20 июл идома ёфта, баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо якчанд муассиса дар назар аст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд