Соли 2025 коргоҳи дӯзандагии «Чевар» 45 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол менамояд

Июль 17, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар коргоҳи дӯзандагии «Чевар»-и ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 27 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст. Нақшаи истеҳсол барои соли 2025  45 ҳазор либоси мактабиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.

Дар коргоҳи дӯзандагии «Чевар» дӯхти либоси мактабӣ ва қолинбофию атласбофӣ ба роҳ монда шудааст.  Дар ин коргоҳ занони соҳибҳунар фаъолият намуда, ҷавондухтарони хоҳишманди ноҳия ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.

Ин коргоҳ дар асоси  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои дастгирии ҳунармандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Июль 17, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд