ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. Бақайдгирии хонандагони синфи 1 ба муассисаҳои таълимии пойтахт тавассути «eDonish» амалӣ мегардад

Июль 31, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август бақайдгирии хонандагони синфи 1 ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ  карда мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо барои гузариш ба таҳсили рақамӣ амалӣ гардида, барои гузариш ба низоми электронии таҳсил қадами муҳим ба шумор меравад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадаф аз ин иқдом содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирии кӯдакон ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошад.

Барои сабти ном сараввал бояд тавассути браузер ба барномаи электронии «eDonish» ворид шуд. Сипас бахши «Ба синфи 1»-ро интихоб карда, тавассути рақами телефони мобилӣ худро метавон сабти ном намуд.

Волидайн бояд дар бораи худ ва фарзандашон  маълумотномаи заруриро пур намуда, муассисаи таълимиро мутобиқи суроғаи истиқомат ва забони таълим интихоб намоянд. Пас аз пур кардани маълумотнома аризаи худро бо пахши як тугма ирсол намуда, паёми тасдиқро интизор шаванд.

Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон бо истифода аз воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Тавассути ин барнома волидайн метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ бо паёмак расонида мешаванд, дар телефон дастрас намоянд.

Гузашта аз ин барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намуда, оид ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд