Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 июли соли 2025 дар шаҳри Уланбатори Муғулистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» доир мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 12 паҳлавон намояндагӣ менамоянд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» ҳоло 158 ҷудокор (105 мард, 53 зан) аз 26 давлати ҷаҳон номнавис шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 12 паҳлавон байни мардон Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов ҳарду дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев бо Масъуди Аҳмадзод ҳарду дар вазни то 73кг, Сунатулло Мусоев дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов бо ҳамроҳӣ Мизробшо Лоиқов ҳарду дар вазни то 90 кг, Муҳсин Малаев бо Кароматулло Ҳакимов ҳарду дар вазни то 100 кг, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг ва байни занон Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг муаррифӣ мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, барномаи баргузории мусобиқа чунин аст: рӯзи аввал- 25 июл ҷудокорон дар вазнҳои то 60 кг, то 66 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг байни бонувон рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои то 73 кг, то 81 кг ва бонувон дар вазнҳои то 63 кг,то 70 кг сабқат мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои то 90 кг, то 100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои то 78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо дертар маълум хоҳад шуд.
Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро (4000 евро — варзишгар, 1000 евро — мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро — варзишгар, 600 евро — мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро — варзишгар, 300 евро — мураббӣ) сарфароз мегарданд.
Бояд илова намуд, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм — 700, ҷойи сеюм — 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»,
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






