Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар форум намояндагони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Ҳадафи иштироки ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ аз густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва технологӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иборат буд.
Дар ҷараёни форум устодони донишгоҳ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзо, инчунин марказҳои таҳқиқотӣ ва ширкатҳои инноватсионӣ мулоқоту гуфтушунид анҷом доданд. Ҳамзамон роҳҳои рушди ҳамкории муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз на танҳо ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, балки чун муҳаррики асосии рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ байни давлатҳои аъзо хизмат менамояд.
Дар форум аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи миллӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди рақамикунонии бахшҳои иқтисод, илм ва маориф муаррифӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Саҳми Донишгоҳи миллӣ дар раванди татбиқи ин солҳо назаррас мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






