Вобаста ба малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар мавзуи «Ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии 8 давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус, инчунин Туркманистон ба ҳайси нозир иштирок намуданд.
Ҳадафи конфронс табодули таҷриба дар самти пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, ҳифзу ҳимояи ҳаёту саломатии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботии пешгирикунанда аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, бахусус кӯдакон мебошад.
Дар конфронс аз ҷониби мутахассисони самти бехатарии ҳаракат дар роҳ, пажӯҳишгарон, таҳқиқотчиён, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва кормандони амалӣ дар самти Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 маъруза пешниҳод гардид. Иштирокчиён конфронсро қадами устувор дар самти пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон унвон намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






