Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд. Дар шаҳри Норак низ гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки бо сокинон оид ба истифодаи самараноки замин суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ ин навбат бо фаъолияти заминҳои наздимуассисавии Гимназияи давлатии №1-и шаҳри Норак шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар заминҳои наздимуассисавӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, булғорӣ, помидор, бодиринг, ҷуворимакка ва лубиёгӣ кишт карда мешавад.
Масъулин талош менамоянд, ки замини наздимуассисавиро самарнок истифода намоянд. Маҳз кушишҳои онҳо аст, ки ҳамасола аз ин заминҳо ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Бояд гуфт, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб боло рафтани сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дастуру супориш медиҳанд, ки сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман анҷом додани кишти такрориро таъмин намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






