3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон манзараҳои зебои ноҳияи Ховалингро 61 097 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд, ки аз онҳо 58 087 нафар сайёҳони дохилӣ ва 3010 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода иттилоъ дод.
Саймумин Рауфзода иброз намуд, ки давоми 6 моҳи соли равон дар ноҳия бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, махсусан саёҳати табобатию экологӣ, ташвиқу тарғиби имконияти сайёҳии ноҳия ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуда, дар сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи «Туризми Ховалинг» фаъол гардонида шуд.
Дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ, 8 меҳмонхона, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 4 осорхона, 12 чойхона, 10 меҳмонхонаи муваққатӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 харитаи сайёҳӣ ва 64 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, мавриди хизматрасонии сайёҳону меҳмонон қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 6 намоиши ҷойи кори холӣ бо пешниҳоди 450 ҷой ташкил карда шуд. Дар ин давра 491 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуд, ки 406 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






