35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз 60 километр роҳ пурра мумфарш карда шуд

Август 28, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  се моҳи охир дар маҷмуъ беш аз 60 км роҳҳо пурра мумфарш гардида, аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ, мумфаршкунии роҳҳои кӯчаю гузарҳои маркази шаҳр ва маҳаллаю деҳот бо дастгирии сокинону соҳибкорон, аз ҷумла маблағгузории шахсоне, ки нияти ҳаҷи такрорӣ доштанд, авҷи тоза касб намуд.

Аз ҷумла, дар ҳудуди деҳоти «Гули сурх» 19 км, «Пошкент» 8 км, «Қалъачаи калон» 5,5 км, «Сабристон» 3,75 км, «Зарҳалол» 3,3 км ва дар «Қалъаи баланд» 1,4 км роҳҳои дохилидеҳавӣ мумфарш карда шуданд.

Дар кӯчаю гузарҳои ҳудуди маркази шаҳр корҳои мумфаршкунии роҳҳо босуръат идома доранд. То имрӯз дар  маҳаллаи  «Ваҳдат» 4,7 км, «Зафар» 3,5 км, «Курушкада» 2,2 км, «Рустамбек» 2 км, «Навоӣ» 2 км, «Исмоили Сомонӣ» 1,6 км, «Уротеппа» 1,1 км, «Имоми Аъзам» 1 км ва «Навобод» 1 км роҳҳо мумфарш гардидаанд.

Мумфаршкунӣ  дар дигар роҳҳои  шаҳри Истаравшан  идома дошта, сокинони шаҳр бо истифода аз боду ҳавои мусоид ба ободонии роҳу пул  ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 28, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд