35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом 714 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 714 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор мегирад. То имрӯз 592 иншоот ифтитоҳ шуда, дар иншооти боқимонда навсозию бунёдкорӣ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону сокинон идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 толори варзишӣ сохта мешавад. Сохтмони толор соли 2020 оғоз гардида, бо дастгирии соҳибкорони саховатманд то ҷашни 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад. Дар айни замон муассиса, ки дорои 310 хонанда мебошад, ба соли нави таҳсил пурра омода гардидааст.
Дар шаҳри Конибодом дар назди Муассисаи таҳсилоти хусусии ба номи Очил Ҷӯраев бинои иловагӣ бо 8 синфхона, хонаи омӯзгорон ва утоқҳои корӣ бунёд карда шудааст.
Дар муассиса ҳоло 1200 хонанда аз шаҳрҳои Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ таҳсил мекунанд. Таълим бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир шуда, 5 омӯзгори хориҷӣ низ даъват гардидаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари зист барои хонандагону омӯзгорон масъулин тасмим гирифтаанд, ки бинои сеошёнаи хобгоҳ бунёд намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






