35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ 595 иншооти гуногун сохта мешавад, ки то имрӯз 525 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин замина 652 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 идома дорад, ки дар соли нави таҳсил ба истифода дода мешавад.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва фарогирии кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба таълим бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 120 кӯдак муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар деҳаи Такфон бунгоҳи саломатии нав бунёд мегардад, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ расонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






