7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 август дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб соати 08:00 доир мегардад.
Дар Вазорати адлия нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Суди Олӣ соати 09:00 доир мегардад.
Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 баргузор мегардад.
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ва дар филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» соати 10:00 баргузор карда мешаванд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






