Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Август 30, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ барои давраи то соли 2040 пешниҳод намуданд, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳ Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар кишвар, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар зарфи солҳои охир ба маркази пешбари омодасозии мутахассисони рақобатнок тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот табдил ёфтааст.

«Соли 2021 зимни ифтитоҳи ду бинои таълимии донишгоҳи мазкур ва гузоштани санги асоси биноҳои дигар дастур дода будам, ки бо ҳадафи ҳарчи бештар ба таҳсил ва курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтани аҳолӣ сохтмони биноҳо бо усули муосири меъморӣ ва баландошёна амалӣ карда шавад. Чунонки имрӯз мебинем, иншооти мазкур иборат аз Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, Маркази идоракунии рақамии таҳсилот, Маркази дипломатияи сабз, Маркази рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, синфхонаҳои таълимӣ, маҷмааи варзишӣ, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва хобгоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд ва ба истифода дода шуд», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Ба роҳбарияти донишгоҳ супориш дода шуд, ки бо оғози фаъолияти Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута барои ҷалби ҳарчи бештари сокинони мамлакат барои касбомӯзӣ чораҷӯйӣ карда, донишҷӯёнро низ дар баробари гирифтани ихтисос ба омӯзиши касбҳои алоҳида сафарбар намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид