Ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Мушовири Корхонаи ҷаҳонии Швейтсария оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ксавйер Корнут мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувор, ҷалби сармоягузории швейтсариягӣ ба бахшҳои калидии Тоҷикистон, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин тақвияти гардиши савдои хориҷиро таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд. Пояи қарордодию ҳуқуқии ду давлат дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, 17 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






