Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошканд тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 15.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди робитаҳои корӣ ва мубодилаи таҷрибаи муосир дар самти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ҳайати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон рафт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд.
Дар доираи боздиди ҳайат бо роҳбарияти милитсияи шаҳри Тошканд мулоқоти расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар самти таъмини амнияту бехатарӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилу кибернетикӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи якдигар ба пешгирии саривақтӣ ва фавран ошкор намудани ҷиноятҳои муосир мусоидат менамояд.
Шиносоии ҳайати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҷрибаи ҳамтоёнашон дар шаҳри Тошканд на танҳо заминаи устувори ҳамкориро фароҳам меорад, балки дар тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории касбӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахтҳои ду давлат замина мегузорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






