Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид

Август 3, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 маконҳои сайёҳӣ ва истироҳатии шаҳри Норакро 39 ҳазору 600 сайёҳи дохилию хориҷӣ тамошо карда, истироҳат намудаанд. Дар ин хусус 30 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Зимни нишаст иброз гардид, ки дар шаҳри Норак 3 меҳмонхона, 29 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеъи сайёҳӣ, 220 истироҳатгоҳ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ ва шумораи зиёди хонаҳои истироҳатӣ фаъолият менамоянд.

Шаҳри Норак беш аз ҳама бо обанбори бузург ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинохта шудааст. Ин обанбор на танҳо аҳамияти энергетикӣ дорад, балки манзараҳои афсонавии он — кӯҳҳо, обҳои софу зулол ва ҳавои тоза ин шаҳрро ба макони дӯстдоштаи сайёҳон табдил додаанд. Ҳамин аст, ки ҳамасола шумораи сайёҳон хусусан барои заврақронӣ, моҳидорӣ ва истироҳат дар соҳили обанбор зиёд мегардад.

Бояд гуфт, ки бо манзараҳои нотакрор, табиати зебо, имконияти фаровони истироҳатӣ ва фарҳанги ғанӣ шаҳри Норак метавонад ба яке аз маконҳои равшани харитаи сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад