Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи саноат ва тиҷорати Синҷон‑Уйғури Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Август 8, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода бо ҳайати намояндагони ширкатҳо ва корхонаҳои Ассотсиатсияи саноат ва тиҷорати Корпуси истеҳсолию сохтмонии Синҷон‑Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноат хабар доданд.

Ҳайатро, ки аз роҳбарону намояндагони корхонаҳои гуногуни соҳаҳои саноат, тиҷорат, истеҳсол ва хизматрасонӣ иборат буд, муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ассотсиатсия Лю Тсзюнго роҳбарӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони ҳарду давлатро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, имконияти рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, кишоварзӣ, технологияҳои нав, савдои дуҷониба ва ташкили форуму намоишгоҳҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи саноат ва тиҷорати Корпуси истеҳсолию сохтмонии Синҷон‑Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид