Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба лоиҳаи «JDS» Ёддоштҳои табодулӣ ба имзо расиданд

Август 16, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 август мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла масълаҳои ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» дар чаҳорчӯби Кумакҳои бебозгашти Ҷопон (ODA) баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!