«Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид.
Барнома 28 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ карда шуда, тибқи он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст.
Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






