Беш аз 1,5 километр роҳи кӯчаи Сулҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи кӯчаи Сулҳи деҳаи Хитойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дарозии беш аз 1,5 километр ва паҳноии 6 метр мумфарш карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, корҳои мумфаршкунӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони маҳалла амалӣ мегарданд.
Зимни оғози мумфаршкунӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъкид намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Раиси ноҳия ба сокинони маҳалла барои ободонию созандагӣ дар маҳал миннатдорӣ баён намуда, мардумро даъват намуд, ки дар пешрафту шукуфоии ноҳия саҳми бештар гузоранд.
Чунин иқдоми бунёдкорӣ имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ба назар мерасад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






