Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд

Август 27, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намуд. Чунин изҳор намуданд имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки дар маҳалли сохтмони неругоҳ ва атрофи он ҳамзамон бунёди роҳу пулҳои мошингард идома дошта, ба масъалаи кашидани хати оби нӯшокӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидори навбатии Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин ҷалби маблағ дар назди вазорату идораҳои марбута, Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун»» ва ширкатҳои пудратӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пас аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёнфти корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки корҳо дар ҳамаи самтҳо идома доранд. Изҳори бовару дилпурӣ карда шуд, ки ҳамаи супоришу тавсияҳои Пешвои миллат барои то моҳи августи соли 2027 расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳи «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Август 27, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд