Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ду рӯз пеш бо қарори Ҳукумати мамлакат барномаи махсус барои давраи солҳои 2026 – 2030 қабул гардид, ки барои амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ин матлабро имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён намуданд.
Тавре Президенти мамлакат иброз доштанд, «дар яке аз паёмҳои худ таъкид намуда будам, ки зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад».
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос барои иқтисоди миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд, ки 1605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи онҳо машғул мебошанд.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти таҷдиди назар намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ҳамчун қадами навбатии ислоҳоти соҳа пешбинӣ гардидааст», -изҳор доштанд Сарвари давлат.
Бояд гуфт, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки масъалаи гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, пешниҳоди худро дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур созад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






