Дар 77 муассисаи таълимии Истаравшан беш аз 60 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд

Август 7, 2025 11:10

СУҒД, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан 77 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Дар онҳо ба ҳолати 1 июли соли 2025 60 ҳазору 769 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 29 720 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии омӯзгорон 3474 нафар буда, 2103 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар 17 муассисаи томактабӣ 2464 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 60 муассисаи таълимии шаҳр 1981 нафар кӯдакони 5-6- сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз 3302 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр 2493 нафарашон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии мамлакат ҳуҷҷат супориданд. Аз ин шумора 75,5 фоизи онҳо имкони дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва касбиро пайдо намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд