Дар даромадгоҳи дараи Камароб Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт дар даромадгоҳи дараи Камароб, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳили дарёи Чорбоғ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, дар як вақт ба 200 нафар сайёҳону меҳмонон ва сокинони ноҳияи Рашт хизмат мерасонад.
Ин мавзеи сайёҳӣ дорои ҳавзи моҳӣ, майдони варзишӣ ва дигар хизматрасониҳо буда, бо мақсади истироҳати хуши сайёҳону меҳмонон дар соҳили дарёи Чорбоғ нишастгоҳҳои бароҳати замонавӣ гузошта шудаанд.
Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо обҳои зулолу мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳсорони пур аз ганҷ ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.
Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикорӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш рушд меёбад, байни ҷаҳонгардон маҳбубияти хосса пайдо намудаанд. Ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъҳои зебоманзар ҳамасола меафзояд.
Табиати ноҳия бештар ба рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад. Инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт, ки дорои захираҳои бойи сайёҳӣ аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ рушд ёфт. Далели ин бунёди даҳҳо меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ мебошад, ки ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони ин минтақаи кӯҳистон, хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ва меҳмонон мусоидат менамояд. Ҳоло дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ -«Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва «Ҷамъияти матлубот» фаъолият дошта, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Онҳо дар як шабонарӯз метавонанд ба зиёда аз 150 меҳмон ва сайёҳ хизмат расонанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд






