Дар Душанбе масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тарас Купчиков баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои Иттиҳод моҳи октябри соли равон пешбинӣ шудааст.
Ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба самтҳои стратегии рушди фаъолияти Шуро, баррасии масъалаҳои кори идорӣ ва қарорҳои кадрӣ бахшида мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






