Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад

Август 29, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 18 то 20 сентябри соли равон дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» доир карда мешавад, ки дар он иштироки беш аз 400 меҳмон аз кишварҳои хориҷӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар DITE-2025, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» бо ҷалби шарикони рушд гузаронида мешавад, иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани намоишгоҳ 7 июли соли 2025 қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE-2025) ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо ва Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории чорабинӣ тасдиқ карда шуд.

Мақсад аз баргузории «Dushanbe International Tourism Exhibition» рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок намуда, байни онҳо мулоқотҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин  «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE) бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25-27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тадорукотӣ баргузор карда шуд. Дар DITE-2024 субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, фарҳангию таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.

Дар маҷмуъ дар ин намоишгоҳ 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳри давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок намуда, дар доираи он вохӯриҳо дар шакли B2B (соҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардиданд. Инчунин байни иштирокчиён санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳо заминаи созгор фароҳам овард.

Баргузории чунин нашмоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим ба мамлакат, инчунин беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ буда, барои васеъ гаштани ҳамкорӣ байни  шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 29, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд