Дар Душанбе оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ: аз мафҳум то амал дар маорифи пойтахт» ҷаласаи кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Давоми 5 сол аст, ки рақамикунонӣ ва татбиқи асосҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи маорифи пойтахт идома дорад. Ин иқдом бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гашта, шаҳри Душанбе дар ин ҷода яке аз пешсафон ба шумор меравад.
Бо назардошти таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ давлатҳои ҷаҳон ба рушди соҳаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. 62 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Стратегияи миллии зеҳни сунъиро қабул ва татбиқ менамоянд.
Дар ҷаласа масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, натиҷаҳои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, вазъи таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






