Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор шуд

Август 27, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе   Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хонандагони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба озмун пешниҳод намуданд.

Озмун дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 гузаронида шуд.

Тибқи талаботи низомнома, озмун барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 бахшро дар бар гирифт:  барномасозӣ, веб-барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот (базаи додаҳо) ва сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.

Ғолибон бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд