Дар Душанбе шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мукаммалгардонии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ шуруъ аз 1 сентябри соли равон шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз оғози соли нави таҳсил, аз ҷумла шумораи автобусҳо ба 380 адад, тролейбус ба 65 адад ва шумораи нақлиёти микроавтобусҳо (маршрут) ба 1100 адад расонида шуда, ҳамзамон 500 нақлиёти хурди таксӣ зиёд карда мешавад.
Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд. Аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани нақлиёт дар маконҳои номуайян қатъиян худдорӣ намуда, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






