Дар Душанбе татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо раиси ширкати Huawei дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Ган Сзянхуа баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои таҳия ва татбиқи технологияҳои нав, рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак вобаста ба татбиқ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар», васл кардани барномаҳои нав, шинохтани чеҳра, муайян кардани рақами қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи вохӯрӣ тарафҳо ба тафоҳум расиданд, ки дар ин замина омодаанд мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бозомӯзӣ намоянд.
Дар хотимаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки муколамаи пурсамар байни ширкати Huawei ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






