Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо JICA баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Араки Кодзуе ва намояндаи дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Нишио Масая баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, ки дар асоси эҳтироми мутақобил ба роҳ монда шудаанд. Ин муносибот бо дастгирии фаъоли Сафорати Ҷопон ва дафтари JICA солҳои охир натиҷаҳои самарабахш дода, ба татбиқи лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намудаанд. Ин лоиҳаҳо бахшҳои маориф, тандурустӣ, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика ва омодасозии кадрҳоро дар бар гирифта, дар таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳавӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар идома ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷопон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо JICA табодули назар намуда, барои тақвияти ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи барномаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






