Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид

Март 15, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 15.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эълон гардидааст. Бо ин мақсад кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо- дар бозору фурӯшгоҳҳо, корхонаю муассисаҳо бо соҳибкорон, фурӯшандаҳо, харидорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Тавре аз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон мебошад. Инчунин ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ оид ба таърих ва мақсаду маром эълони Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон сокинон даъват шуданд, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба стандартҳои давлатӣ, ки дар меҳвари онҳо эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқҳои истеъмолӣ қарор дорад, бо масъулияти баланд риоя намоянд.

Инчунин оид ба пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифати ба саломатии инсон хатарнок, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемориҳои сироятии ба одаму ҳайвон маълумот дода шуд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ба ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат дода мешавад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.

Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф намудани нуқсони мол ё иваз намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраю дақиқ дар хусуси моли харидашавандаю тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд.

Тибқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз карда шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад