Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид

Март 16, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP30) ва раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда зимни ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, натиҷагирӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) гузаронида шуда, дар он доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷавонон, доираҳои илмӣ-академӣ, инчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш натиҷаҳои COP30 ва муайян намудани пайомадҳои онҳо барои раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (NDC 3.0) муҳокима гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ сухан намуданд.

Дар ҳамоиш коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои асосии COP30-ро муаррифӣ намуда, аз ҷумла ба масъалаҳои афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба мутобиқшавӣ аҳаммияти махсус доданд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳо оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокироти иқлимӣ, пешрафти раванди таҳияи NDC 3.0, инчунин пешниҳодҳо барои тақвияти сиёсати иқлимии мамлакат, аз ҷумла дар самтҳои коҳиш додани партовҳо, мутобиқшавӣ, таҳкими низоми шаффофият (ETF/MRV) ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамоиш ба майдони муассири мубодилаи афкор ва таҳияи тавсияҳо табдил ёфта, дар таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши ҳамкории шарикон ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид