Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад

Август 5, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027», дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Тибқи ин барнома, ба амалӣ намудани он 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ равона хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла аз байн бурдани биноҳои садамавӣ, таъмини ҷойи нишаст ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафи барнома беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид