Дар Хатлон масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуданд

Август 22, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзуи «Ҳамкории милитсия бо аҳолӣ доир ба  масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода доир ба роҳҳои баланд бардоштани ҳамкории милитсия бо ҷомеа  изҳори андеша намуд. Иброз гардид, ки ҳадаф аз таъсиси шуроҳо ва фаъолияти онҳо таъмини амалишавии ислоҳоти милитсия мебошад.

Гуфта шуд, ки дар вохӯрӣ  бо аъзои шуро ҳамкорӣ ва робитаи зичи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ бо он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, алоқаи нозирони минтақавии милитсия бо сокинон ва ҷараёни хизматрасонии нуқтаҳои сайёри милитсия аз ҷониби шахсони масъул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз тақвият бахшидани фаъолият, фароҳам овардани шароити кор барои аъзои  шуроҳои ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ, пеш аз ҳама, ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Август 22, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд