Дар Хоруғ машқи омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ машқи омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, комиссариати ҳарбӣ, воҳидҳои низомӣ ва гурӯҳҳои эҳтиётӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Мақсади асосии машқ санҷиши сатҳи омодагӣ, ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои дахлдор ва таҳкими иқтидори мудофиавии маҳаллӣ буда, дар ҷараёни он иштирокчиён амалҳои фавриро ҳангоми эълони ҳолати фавқулода, ҷойивазкунии техника ва маводи низомӣ, инчунин ҳамкорӣ байни сохторҳо ҳангоми сафарбарӣ таҷриба намуданд.
Дар анҷом масъулин сатҳи баргузории машқро қаноатбахш арзёбӣ карда, зарурати идомаи чунин чорабиниҳоро барои таҳкими амният ва омодагии ҳарбию мудофиавӣ таъкид намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






