Дар Конибодом 90 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуданд

Август 26, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шаҳри Конибодом қариб 90 километр роҳҳои дохилӣ  мумфарш карда шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар доираи корҳои мумфаршкунӣ бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд  мумфаршкунии кӯчаи Ҳоҷӣ Содиқ бо дарозии 1000 метр ва паҳноии 6 метр оғоз гардид.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳамсозии шароити арзанда барои сокинон пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Боиси хурсандист, ки дар иҷрои корҳои хайру савоб саҳми сокинону соҳибкорон низ назаррас аст. Имрӯзҳо дар саросари вилоят бо иқдому ташаббусҳои сокинон садҳо километр роҳи деҳаҳо мумфарш карда шудаанд.

Сокинони бо нангу номуси шаҳри Конибодом низ дар ободонии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 26, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд