Дар Муъминобод бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қалби пок»-и Ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Истиқлолият – бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кору пайкори беназир ва номи пуршарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва ин амалҳои шоистаи таҳсин нишонаи дурахшон ва қутбнамо барои наслҳои оянда ба шумор меравад. Бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд”.
Дар ҳамоиш ҳамчунин иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Табассуми Сафаралӣ шеъреро дар васфи Истиқлолият қироат намуда, дар хусуси иштироки фаъоли ҳамсолони худ дар ин озмуни сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ изҳори андеша кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба як зумра аъзои фаъоли ҳизб Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод тақдим гардид. Ҳамчунин ҷавононе, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ дарёфт намуданд, ки ин нишони пайвастани насли нав ба ормонҳои ҳизб ва Пешвои миллат мебошад.
Дар идома аз чорабиниҳои идона, дар партави дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, дар арафаи соли нави таҳсили 2025–2026 дар ноҳияи Муъминобод иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбӣ амалӣ гардид.
Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ туҳфа карда шуд.
Бояд гуфт, ки чунин тадбирҳо ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил дар саросари мамлакат амалӣ карда мешаванд ва як намунаи равшани ғамхорӣ нисбат ба насли ояндасози миллат мебошанд.
Пас аз анҷоми ҳамоиши ҳизбӣ дар хонаи сокинони кӯчаи Чорсӯ Султон Наботов, Мирзошариф Салимов, Ҷовидон Расулов ва Амрулло Наботов 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдеҳагон дар руҳияи баланди сиёсӣ ва ватандӯстӣ ҷашн гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва фаъолияти пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва таҳким ёфта, мардум дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон











Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






