Дар назди 20 муассисаи таълимӣ биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ сохта мешаванд

Август 28, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии рушд лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» (STEM) амалӣ мегардад. Зимни амалишавии ин лоиҳа сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохта мешаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ азхудкунии маблағҳо, баргузор намудани  ҳамоишҳо, бастани шартномаҳо, таҳлил ва таҳияи барномаҳои таълимии фанҳои дақиқ ва баррасии дигар ҳамкории минбаъдаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Яке аз афзалияти муҳими биноҳои сохташаванда- ин насб шудани панелҳои офтобӣ бо тавлиди аз 45 то 60 кВт неруи барқ дар як соат мебошад, ки метавонад мустақилона биноро пурра бо неруи барқ таъмин намояд.

Ҷонибҳо дар доираи амалишавии лоиҳа оид ба таҳия намудани китобҳои дарсӣ аз фанҳои экология ва технологияи иттилоотӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъсиси низоми иттилоотии мактабҳо (SIS) ва монанди инҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд