Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва барои шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Вазири адлия аз Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ёдовар шуда, изҳор намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти баланди истифодаи неруи барқ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷае мебошад, ки ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Иброз гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон низ баръало амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон Вазири адлия Музаффар Ашуриён ба иштирокчиёни чорабинӣ истифодаи самараноки неруи барқ, муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳоро дар самти истифодаи неруи барқ тавзеҳ дод. Оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. «Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд»,-таъкид намуд Зариф Ализода.
Дар вохӯрӣ раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода иброз намуд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳис намуда, неруи барқро самараноку қонунӣ истифода бурда, маблағи истифодаи онро сари вақт ба таври ғайринақдӣ супорем.
Иштирокдорон аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо назардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳаммияти муҳим касб намудааст.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






