Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ панҷоҳ ҳазор сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд

Август 24, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти шиори «Лоиҳаи беҳтар намудани таъминоти об-қадами устувор ба сӯйи зиндагии босифат» ҳамоиш доир гардид. Зимни он лоиҳа рӯнамоӣ шуда, баррасии марҳилаҳои татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ хабар медиҳад.

Тибқи лоиҳа, дастрасии аҳолии ноҳия ба оби тозаи нӯшокӣ афзоиш дода шуда, шароити беҳтари санитарию беҳдошт барои сокинон фароҳам оварда мешавад.

Раиси ноҳия Маҳмуд Амирзода иброз намуд, ки ин иқдом дар ҷавоб ба сиёсати давлатии иҷтимоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини зиндагии шоиста  рӯйи кор омадааст.

Изҳор гардид, ки таъмини аҳолӣ бо оби тоза на танҳо масъалаи инфрасохторӣ, балки ҷузъи муҳимтарини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.

Бо татбиқи муваффақонаи ин лоиҳа  даҳҳо ҳазор сокинони ноҳия  бо оби босифати нӯшокӣ таъмин мешаванд, ки ин боиси беҳтар гардидани саломатии омма ва коҳиши бемориҳои ба об вобаста мегардад.

Дар доираи лоиҳа навсозии шабакаҳои обрасонӣ, сохтмони нуқтаҳои обкашӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар назар аст, ки баъди амалишавии ин лоиҳа панҷоҳ ҳазор нафар сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Август 24, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд