Дар шаҳри Исфара Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Исфара Фестивали аводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва роҳбарияти шаҳри Исфара оид ба «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», аҳаммият ва зарурати саводнокии молиявии аҳолӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди мамлакат сухан намуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи ин стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста фестивалҳои саводнокии молиявӣ гузаронида мешаванд.
Бо тавсия ва ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаҳои дурдаст бо гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, кормандони корхонаву ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ, занон ва муҳоҷирон низ чорабиниҳои маърифатӣ гузаронида мешаванд. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ мебошад.
Фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии омӯзишӣ, балки имкони мусоид барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ мебошанд.
Дар қисмати аввали фестивал мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ бо иштирокдорон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ», «Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ», «Муҳимияти пасандозгузорӣ», «Нақши ташкилоти молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ», «Мафҳум ва муҳимияти суғуртаи молу мулк» суҳбат намуда, оид ба таҷрибаҳои пешрафта ва муосир маълумот доданд. Зимни чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Қисмати дуюми фестивал дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Исфара баргузор гардида, ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғурта ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд. Қисми сеюми фестивали саводнокии молиявӣ, яъне барномаи фароғатӣ-фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф дар майдони марказии шаҳри Исфара баргузор гардида, ташкили озмуни бурди туҳфаҳо дар асоси саволу ҷавоб доир ба донишҳои молиявӣ фазои чорабиниро боз ҳам идона намуд.
Дар хотима изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин фестивалҳо ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мусоидат мекунад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид






