Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Раиси шаҳри Ҳисор, раиси Комиссияи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷаббор Носирзода бо ҷараёни баргузории озмун дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, дар даври сеюми озмун 443 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Ҷаббор Носирзода бо утоқҳое, ки дар онҳо санҷиши довталабон аз рӯи номинатсияҳои «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ва «Адабиёти ҷаҳон» баргузор мегардид, шинос шуда, бо ҳакамон, довталабон, устодон ва падару модарон суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои озоду шаффоф баргузор гардидани озмун тамоми тадбирҳоро андешида, шароити хуб фароҳам овардааст.
Ҳамзамон аз донишу суханварии довталабон ва муносибати мунсифонаи ҳакамони озмун нисбат ба довталабон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






